- кӯч
- [کوچ]1. аз ҷое ба ҷое ва аз сарзамине ба сарзамини дигар равона шудани шахси алоҳида ё гурӯҳе аз мардум, кӯчидан, ҳиҷрат2. асбобу анҷоми хона ва бору бунае, ки дар вақти дигар кардани ҷои истиқомат ҳамроҳи худ мебаранд: кӯч бурдан3. гуфт. хонавода, хонадон, тоифа; кӯч-кӯч ниг. кӯчокӯч; кӯч бастан бору бунаи худро барои нақли макон омода кардан; кӯч кардан бо бору бунаи худ аз ҷое рафтан, нақли макон кардан, кӯчидан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.